Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

НАВРӮЗ ВА СУННАТУ ОЙИНҲОИ МАРДУМИ ТОҶИК

2580Дар таърихи фарҳанги мардуми тоҷику форс ҳеҷ як анъана ва расму ойине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу арҷманд нест. 2581Наврӯз пайвандгари насли имрӯз бо расму ойин, арзишҳои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъанаи ниёгон мебошад. Ҷашни Наврӯз аз қадимтарин ва густурдатарин идҳои мардумони эронитабор буда, умри дарози беш аз панҷҳазорсола дорад. Тавре ки аз номи он бармеояд, Наврӯз «Рӯзи нав» маънӣ дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи соли нави аҷдодӣ барпо мешавад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад. Аз нигоҳи ҳисоби ситорашиносӣ, Наврӯз рӯзест, ки офтоб ба бурҷи барра (ҳамал) ворид мешавад ва дар ҳамон дақиқаву сонияе, ки ворид шуд, соли нав фаро мерасад.
Роҷеъ ба таърихи пайдоишу баргузории ин ҷашни куҳанбунёд дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеӣ маълумотҳои зиёде зикр гардидааст. Маълумотҳои мустақим ва пураҳамиятро дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Осор-ул-боқия» ва «Ат-тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ, «Зайн-ул-ахбор»-и Абулсаиди Гардезӣ, «Ал-махосин вал аздод»-и Кисравӣ ва чанде дигар метавон пайдо кард, ки ба иттифоқ Ҷамшеди пешдодиро бунёдгузори ҷашни Наврӯз хондаанд. Ҳаким Умари Хайём дар «Наврӯзнома» роҷеъ ба бунёд гузоштани ҷашни мазкур чунин навиштааст: «…аммо сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки офтобро ду давр бувад, яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯз ва рубъе аз 1 шабонарӯз ба аввали дақиқаи Ҳамал боз ояд, ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натвонад омадан, чӣ ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад. Ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн ойин овард ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-у иқтидо карданд».
Таҷлили ҷашни Наврӯз дар даврони ҳукуматдории Сомониён бо шукуҳи тоза идома ёфтааст, ки дар ин бора донишмандон дар сарчашмаҳои адабӣ ва таърихӣ ёдовар шудаанд. Шоирони забардасте чун Рӯдакию Фирдавсӣ, Дақиқӣ оид ба ҷашни Наврӯз бо меҳру муҳаббат сухан гуфтаанд ва тасвири зебои баҳорро ба қалам додаанд. Дар тули садсолаҳо Наврӯз ва ойину маросимҳои марбути он вобаста ба идеологияи давлатҳои ҳукмрон борҳо ба тағйиру дигаргуниҳо мувоҷеҳ шудааст ва мардуми тоҷику халқҳои дигари эронӣ дар ҳама давру замонҳои душвору пур аз ҷангу офатҳо аз таҷлили ин ҷашни зебои ниёгони худ даст накашидаанд.
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо ҷаҳду кушишҳои сарвари хирадманду фарҳангпарвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ойинҳои қадимаи мардуми тоҷик дар баробари ҷашни Наврӯз, Сада, Меҳргон ва Тиргон низ дубора эҳё гардида яке аз ойину ҷашнҳои пуршукуҳ дар сартосари кишвари азизамон бо як шукуҳу шаҳомати хос пешвоз ва ҷашн гирифта мешаванд, ки ин ҳама аз сиёсати фарҳангпарваронаи сарвари давлатамон дарак медиҳад.
Дар таърихи 18-уми феврали соли 2010 дар ҷаласаи 64-уми ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид, таҳти фасли 49, ки унвони “Фарҳанги ҷаҳон”- ро дорад, қарорномаи “Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз” ба тасвиб расид. Он бо пешниҳоди кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қиргизистон, Туркия ва Туркманистон мавриди баррасӣ қарор ёфтааст. Дар карорнома гуфта мешавад, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз таҷлил гардад. Наврӯз аз бузургтарин ҷашнҳои мардумони эронитабор, аз ҷумла тоҷикон ба шумор меравад, ки ба фарҳанги қавму миллатҳои дигари Осиёи Марказӣ низ бо ҳамин ном гузаштааст.
Ойину суннатҳои тоҷикон дар айёми Наврӯз инҳоянд, ки аксари онҳо аз замони гузашта то ба имруз роиҷанд.
Гулгардонӣ. Аз омадани Наврӯз пеш аз ҳама бачагон бо иҷрои анъанаи гулгардонӣ ба дигарон хабар медиҳанд. Онҳо як ду ҳафта қабл аз Наврӯз гурӯҳ шуда, ба кӯҳу пуштаҳо рафта гулҳои баҳорӣ: бойчечак, сиёҳгуш ва гули зардакро чида ба деҳа меоранд ва хона ба хона гашта, ба мардум сурудхонон муждаи омадани Наврӯзро мерасонанд. Соҳибхонаҳо гулҳоро буй кашидаву ба чашм мемоланд ва ба бачаҳо кулчаю қанду мавиз ва дар баъзе ҷойҳо гандуму нахуд медиҳанд.
Ҷуфтбаророн. То солҳои 1950-ум дар ноҳияҳои минтақаи Суғд, Хатлон, Бадахшон, водии Ҳисор ва баъзе вилоятҳои тоҷикнишини Узбекистон деҳқонон то фарорасии ҷашни Наврӯз маросими ҷуфтбаророн барпо мекарданд. Рӯзи аввал деҳқонон дар хонае ҷамъ омада, дастҷамъона оши палав пухта мехурданд ва аз Куръони шариф сураҳо тиловат мекарданд ва ба ҳаққи Бобои Деҳқон ва арвоҳи гузаштагон дуою фотиҳа мехонданд. Сипас, онҳо ба сари замии рафта ба шохҳои барзаговҳо равғани зағир мемолиданд ва ба сару бадани говҳо орд мепошиданд, ки рамзи хайру баракат ва фаровонии хосилро ифода мекард.
Рӯзи аввал каме шудгор мекарданду яке аз муйсафедони калонсоли деҳа ба тариқи рамзӣ ва муборакии кор чанд мушт гандум мепошид. Он рӯз бармегаштанду кори асосӣ аз рӯзи дуюм оғоз мешуд.
Хонабуророн. Мардум як ҳафта пеш аз фарорасии Наврӯз курпаву палосҳоро аз хона берун бароварда, хонаро руфтаю тамиз мекунанд, курпаҳою пардаҳоро мешуянд ва хушбӯй мезананд. Тамоми палосу курпаву лавозимоти манзилашонро офтоб дода метаккониданд. Девори хонаҳоро сафед намуда, тозаву озода месозанд. Дегу зарфҳоро шуста тоза мекунанд. Зеро хонаву дари тоза рамзи соли наву иқболи нав аст. Мардум бовар доранд, ки агар соли навро дар хонаи тозаву ороста пешвоз бигирӣ, ҳамон солро бо хушу хурсандӣ мегузаронӣ.
Чаҳоршанбесурӣ. Маросими чаҳоршанбеи охирон, ки онро чоршанбе сурук низ меноманд, дар чоршанбеи охирони сол (мувофиқи тақвими эронӣ-хуршедӣ) гузаронида мешавад. Дар чорраҳае алав афрухта хурду калон аз болояш меҷаҳиданд ва ба оташ муроҷиат карда мегуфтанд: ранҷурию ранги зарди ман аз они ту, сурхию хуррамии ту аз они ман. Бо иҷрои ин амал онҳо бовар доштанд, ки дар соли нави оянда онҳо тандуруст хоҳанд буд.
Маросимн обрезон. Аз давраҳои хеле қадим дар байни мардумони ориёӣ ойине маъмул буд, ки пеш аз фарорасии соли нав Наврӯз мардум шустушуй намуда, худро поку озода мекарданд.
Суманакпазӣ. Суманак навъе аз хуриши наврӯзӣ аст, ки аз сабзаи гандум пухта мешавад. Худи сабза рамзи эҳёи табиат ва зебогию осоиштагии ҳаёт ба шумор меравад.Тарзи таҳияи сабза ва пухтани суманак дар байни мардуми тоҷик чунин буд. Гандумро 3 рӯз дар оби ҷӯй ё оби борон тар карда мемонданд. Баъде ки гандум неш мебаровард, ба қавли мардум руда мешуд, онро гирифта дар табақе ҳамвор мегузоштанд ва руяшро бо докаи тоза мепушонданд. Рӯзе, ки борон меборид ба берун мебароварданд ва пас аз борон оби зиёдатиашро полонида, боз бурда ба хонае, ки касе бегона ба он ҷой надарояд, мегузоштанд. Вақте ки гандум сабз шуд, бояд ҳеҷ кас онро набинад, зеро ки «пай» меафтад.
Оштикунонӣ. Ойини дигаре, ки аз замонҳои хеле қадим анъана шуда то ба ҳол омадааст, оштикунонии қаҳриҳо мебошад. Дар оғози соли нав набояд касе бо касе қаҳрию ногап бошад. Маъмулан одамони калонсол дар байн даромада, шахсони ба ҳам каҳриро оштӣ мекунонданд.
Бозиҳои варзишӣ. Як бахши ҷашни Наврӯзро бозиҳои суннатии варзишӣ ташкил медиҳанд. Дар айёми Наврӯз мусобиқоти паҳлавонон дар намудҳои гуштингирӣ, аспдавонӣ, пойгаҳ (давидан), бандкашӣ, чавгонбозӣ (дар Яғноб, Бадахшон), аммо аз ҳама мусобиқаи маъмултарини наврӯзӣ ин гуштингирӣ аст, ки хеле паҳн шудааст.
Ҳамин тариқ, Наврӯз аз маъруфтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои мардуми тоҷик ва дигар халқҳои эронитабор ба шумор меравад. Наврӯз ҷойи вохурӣ ва муносибати мардум, ҷое, ки ҳам зану мард ва ҳам пиру ҷавон гирд меоянд, шодию хурсандӣ мекунанд, аз дидори якдигар сер шуда ёдоварӣ аз гузаштагон менамоянд ва ҳамбастагии худро бо табиат баён мекунанд.
Султонзода Вамариҷ Иброҳим омӯзгори калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...