Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ваҳдат - сарчашмаи сулҳ ва пешрафт

2458«Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, ки дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо, ниҳоле низ вуҷуд дорад, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меоварад. Мо алакай меваи ширин аз дарахти сабзондаамон чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки тешае ба решаи он расад».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Албатта, ваҳдат беҳтарин неъмати ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлатдорӣ, наҷоти миллат, рушду нумуи Тоҷикистони азизамон ва ҳастии инсон дар ҳар давру замон аст. Мо ваҳдати миллиро дар баробари истиқлоли давлатӣ як рукни муҳимми давлатдорӣ ва шарти аслии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон медонем ва барои тақвият, таҳким, устуворӣ ва такомули минбаъдаи он бо дастгирии мардуми сарбаландамон ҳамаи тадбирҳои заруриро меандешем. Имрӯз иттифоқ будани миллати тоҷик, пешравии кишвари биҳиштосои мо, меҳмоннавозии халқи инсондӯсти мо мамлакатҳои бурунмарзиро дар ҳайрат гузошта, мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид қарор дорад, ки ин ҳам аз ваҳдату ягонагии мо, самимӣ будани мо нисбат ба Ватан ва Роҳбари воломақом гувоҳӣ медиҳад.
Боиси сарбаландӣ ва хушнудист, ки миллати тоҷик ва Тоҷикистон имрӯз намунаи ибрат дар кишварҳои мутамаддин гардидааст. Танҳо бо роҳи ваҳдату ягонагӣ метавон истиқлолияту ободии меҳан ва амну осоиштагии мардумро аз ҳама хавфу хатар эмин нигоҳ дошт. Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Дар воқеъ, Ваҳдати миллӣ дар пешравию ободии мамлакат нерӯю суръати баланд мебахшад ва ҳар як фарди соҳибхирад аз доштани ин неъмати бебаҳо ифтихор мекунад, зеро медонад, ки то вақте дар Ватани азизамон Сулҳу ваҳдат ҳукмфармо аст, ҳеҷ кас наметавонд ҳуқуқ ва озодии миллати тоҷикро халалдор созад. Аз ин хотир, ҳар як шахси ватандӯсту ватанпарвар бояд ин неъмати илоҳиро қадр намояд, дӯст дорад ва эҳтиром намояд, зеро бо доштани ин ганҷи Қорун миллату сарзамини мо ҳамешабаҳор мемонад. Моро мебоист сулҳу ваҳдатро дар шуур ва қалби наслҳои оянда бо як меҳру муҳаббат парвариш намоем, то ин ки онҳо низ саҳми арзандаи хешро содиқона дар рушду нумуи кишвари маҳбубамон гузоранд. Ваҳдати миллӣ барои мо на танҳо рамзи сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ, балки омили асосии рушди устувори ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат мебошад. Дар заминаи ваҳдати миллӣ барқарор гардидани амнияту субот ба мо имкон дод, ки барномаҳои муҳимми рушди иқтисодиву иҷтимоиро амалӣ намуда, дар ҷодаи татбиқи ҳадафҳои стратегиамон қадамҳои устувор гузорем. Ба шарофати сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат имрӯз сатҳу сифати зиндагии мардумамон пайваста боло меравад ва шаҳрвандони Тоҷикистон ба хотири фардои ободи Ватан ва ояндаи дурахшони фарзандону набераҳои худ ба заҳмати созандаву ободгарона машғуланд. Ҳоло Ҳукумат ва мардуми кишвар тамоми саъю талош ва захираву имкониятҳои худро ба хотири амалисозии ҳадафҳои стратегии миллӣ сафарбар кардаанд. Ҳамчунин, бояд гуфт, ки ба шарофати ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ обрӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ рӯз ба рӯз боло меравад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дар ҳалли масъалаҳои глобалии сайёра пешсаф мешиносад, эътироф мекунад ва ташаббусҳои онро дастгириву амалӣ месозад. Мо ваҳдати миллиро дар баробари истиқлоли давлатӣ як рукни муҳимми давлатдорӣ ва шарти аслии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон медонем ва барои тақвият, таҳким, устуворӣ ва такомули минбаъдаи он бо дастгирии мардуми сарбаландамон ҳамаи тадбирҳои заруриро меандешем. Таҳкиму тақвияти ваҳдати миллӣ ва ҳифзи сулҳу амнияти кишвар барои мо вазифа ва рисолати муқаддасу муқаддами умумимиллӣ ва умумихалқӣ мебошад.
Хулоса Ваҳдати миллӣ пояи устувори сулҳ, субот ва рушди тамоми соҳаҳои зиндагӣ ва давлат аст. Танҳо дар як ҷомеаи муттаҳид ва ҳамдигарфаҳм метавон зиндагии осоишта, пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро таъмин кард. Ваҳдат маънои эътибори ҳамдигар, эҳтиром ба анъана ва фарҳангҳои гуногуни миллӣ ва ҳамкории созандаро дорад. Вале танҳо бо сухан гуфтани ин арзишҳо қонеъ шудан мумкин нест; ҳар як шаҳрванди ватандӯст бояд бо амал, андеша ва рафтор ваҳдатро нигоҳ дорад ва онро дар ҷомеа тақвият диҳад. Ҳар кӯшиш барои нофаҳмӣ, низоъ ва тафриқа наметавонад ба зиндагии осоишта ва рушд роҳ диҳад, зеро танҳо тавассути ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ ҷомеа тавонад устувор ва пурқувват бошад. Ваҳдати миллӣ на танҳо як ҳадафи сиёсӣ ё иҷтимоӣ, балки як вазифаи инсонӣ ва ҳамешагӣ барои ҳар шахс ва ҳар насли оянда мебошад. Арҷгузорӣ ба сулҳ, эҳтироми ҳамдигар, эҳсоси масъулият ва эҳсоси ҳамдигарӣ асоси зиндагии пурмаъно ва осоишта мебошад ва танҳо ҳамин роҳ метавонад ояндаи дурахшони кишвари моро таъмин кунад. Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд фаҳмад, ки ваҳдат на танҳо рамзи миллат, балки рукни зиндагии осоишта ва пойдории давлат мебошад, ва нигоҳ доштани он вазифаи ҳамешагии мост.
Курсанти курси 2 факултети №6, Академия ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон милитсияи қаторӣ Атоев К.С.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...