Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – БУНЁДГУЗОРИ СУЛҲ ВА ВАҲДАТИ ТОҶИКОН

2457Таърихи бою куҳан ва интиҳои қарни сипаригардидаи кишварамон воқеаҳои сиёсии бузургеро дар бар мегирад, ки ҳар кадоми он дар марҳалаи худ накши махсусе дорад. Дар таърихи навин аз нигоҳи мо, волотарин дастовардамон соҳиб шудан ба Истиқлоли давлатии Чумҳурии Тоҷикистон аст, ки баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ амалӣ гардид. «Таърих гувоҳ аст,-менависад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - ки тӯли ҳазорсолаҳо оини давлату давлатдории тоҷикон сахтиҳои хорошикани таназулу эҳё шуданро борҳо аз сар гузаронида, аз дунболи ҳар шикасту инқироз, боз эҳёшавӣ ва камолоти афзунтарро ноил гаштааст…
Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату давлатдории тоҷикон дар асри XVI аст, ки нахуст дар заминаи давлатҳои навтаъсиси Иттиҳоди Шӯравӣ арзи ҳастӣ намуда, ҳамчу шакли давлатдории мутаммаддину пешрафта сабзид, ба камол расид ва ташаккул ёфт.Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад.Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутаммаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад»
Истиқлолияти давлати барои мо - тоҷикистониён ба осони ба даст наомадааст. Бо таъсири қувваҳои бадхоҳи дохилию хориҷӣ кишварамон ба ҷанги шаҳрванди кашида шуд, ки боиси қурбониҳои азими ҷони, талафот ва хисороти бузурги сиёси, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ гашта, пояҳо, рукнҳо ва асосҳои давлатдориро фалаҷ гардонид, қонуншикани ва бесарусомониҳоро дар мамлакат ба вуҷуд овард. Дар чунин шароити душвор шаҳрвандони тамоми манотиқи кишвар, ҳамчун баёнгари соҳибихтиёри ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлати ба воситаи вакилони халқ дар макоми олии намояндагии мамлакат масъулияти бузург ва беназири давлатдории хешро ба воситаи Шурои Оли ифода сохта, ба он ноил гардиданд, ки баҳри барқарор намудани асосҳои давлатдори ва таъмини қонуният, сулҳ ва ризоияти милли, 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷандӣ бостони Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) баргузор гардид. Дар он вақт Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми масъулиятро дар назди таърих, халқу Ватан ва ҷомеаи чаҳонӣ ба душ гирифта, самти тараққиёти онро дар Иҷлосияи XVI муайян кард.
Шурои Оли роҳбарияти нави мамлакатро таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд. Халқи Тоҷикистон дар марҳилаи наву тақдирсоз симои роҳбари худро дар шахсияте медид, ки он бевосита аз байни халқ баромада ва барои халқ дар шароити гузариш фаъолияти пурмасъулиятро ба душ гирифта метавонад. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун вакили халқ, ки дар байни зиёда аз даҳ номзад интихоб гардида буд, ҳамеша ба ростгӯи, хақиқатҷуи, серталаби нисбат ба худ ва дигарон дар ҳамаи иҷлосияҳои Шурои Оли нақши аввалиндараҷа мебозад,ӯ савганд ёд намуда гуфт: «… кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард… Ман тарафдори давлати демократи ва хуқуқбунёд мебошам. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем…» Маҳз Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон Сарвари давлат барномаи мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иктисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани кишварро ба миён гузошт. Вақт ва таҷрибаи таърихии давраи истиқлолият исбот намуданд, ки роҳи муайянкарда ва пешгирифтаи Эмомалӣ Раҳмон алтернативаи дигар надошт. Таърихи давлатдории навини Тоҷикистон собит сохт, ки мардуми кишвар дорои қувваи солим ва тавоноест, ки пеши роҳи хамагуна моҷароҷӯиро гирифта метавонад ва обрӯву нуфузи кишварро дар арсаи байналмиллалӣ собит ва ҳифз менамояд. Аз нигоҳи имрӯза ва оянда бо ифтихор бояд таъқид кард, ки суханрониҳо ва фаъолияти амалии Эмомалӣ Раҳмон дар ин Иҷлосия ба қалби мардуми кишвар роҳ ёфта, яке аз асосҳои боварии халқ ба Сарвари давлат ва роҳбарияти нави мамлакат гардиданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти олии созандагиро ба зимма гирифта, тавонист манфиати умумимиллиро аз манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳи ва махаллию минтақавӣ боло гузорад. Бо шарофати сиёсатӣ хирадмандонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми чудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ,эҳтироми озоди, ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд ва ба мақсади демократикунонии ҷомеа, бунёди давлати соҳибихтиёр, хуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона Конститутсияи нави мамлакатро бори нахуст дар таърихи давлатдории навин бо рохи раъйпурсии умумихалқи қабул намуд,ки дар он хама дастовардҳои башарият дар бобати озодии инсон, хуқуқи шаҳрванд, ҷомеаи демократии, хуқуқбунёд ва дунявӣ дарк шудаанд.
Имрӯз, бояд махсусан таъкид намуд, ки муваффақ шудан ба ризоияти миллӣ ва сулҳу ваҳдат идомаи мантиқии сиёсати Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва талошҳои Эмомалӣ Раҳмон дар ин роҳ аст.Кӯшишҳои пайвастаи Сарвари давлат ва ҳамчунин заковати мардуми бономусу бофарҳангамон натиҷаҳои дилхоҳ доданд ва ниҳоят 27- июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти милли ба имзо расид. Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиатномаи худ ба муносибати имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти милли аҳмияти бузурги таърихии ин ҳодисаи фараҳбахшро барои сарнавишти миллати тоҷик ва ҳамаи тоҷикистониён таъқид намуда, аз ҷумла овардааст: «Ҷидду чаҳд ва умедвориҳо барои нигоҳ доштани давлатимиллии тоҷикон маҳз дар ҳамин рӯзи саид ҷомаи амал пушид. Ман имрӯз гуфта метавонам, ки насли ҳозираи миллати точик ҳарчанд аввал пешпо хурд, имрӯз пируз аст. Зеро ин насл тавонист васвасаи аҳриманиро, ки дар майнаи халқи мо ҷо гирифта буд, аз худ дур андохта, морони заҳҳокиро, ки ҷони ҷавони садҳо фарзандони моро қурбон мекарданд, саркӯб созанд… Ақли солим ва хиради дурбин пирӯз шуд. Рӯзи фархундае, ки онро дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ва деҳотӣ дурдаст, дар ҳамаи оилаҳо интизор будем, фаро расид».« Баъд аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти милли дар Тоҷикистон ва дар натиҷаи кӯшишҳои мунтазами Ҳукумат дар кишвар фазои сулҳу салоҳ ва ризоияти милли барқарор шуд. Маҳз аз баракати сулҳу оштии милли мо тавонистем ваҳдати милли ва якпорчагии ватанамонро таъмин намуда,чорабиниҳои бузурги умумимиллии худро гузаронем».Таҷриба ва амалияи ба даст овардани сулҳи миёни тоҷикон натанҳо аҳамияти милли, балки аҳамияти ҷаҳони дорад. Зеро ҳамсоли хуби ҳаллу фасли низоъҳои милли ва дохилидавлатии минтақаҳои гуногун шуда метавонад. «Беҳуда нест, ки таҷрибаи мо дар ҷодаи таъмини сулҳ, ба Ватан ва ба макони зист баргардонидани қариб як миллион гурезаҳо ва ташкили ҳамгироии иҷтимоии онҳо аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони Миллали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо воқеъбинона арзёбӣ шуд ва ҳамчун модели нодири сулҳофарӣ эътироф гардид». Омӯзиши хамаҷонибаи ин таҷриба имконият медиҳад, ки пеши роҳи сар задани чунин моҷароҳо гирифта шавад ва дар сурати ба вуқӯъ омадани ҳар гуна муноқишаҳо, роҳи ҳалли онҳо ҳарчи зудтар пайдо карда шаванд. Роҳи ҳалли масъалаҳои дар Созишнома ифодаёфта сулҳи бебозгаштро дар ҷумҳурӣ таъмин намуд. Мо имрӯз ифтихор аз он дорем,ки фарҳанги сулҳи тоҷикон барои дигарон намунаи ибрат гардид ва аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид хамчун таҷрибаи нодир эътироф гардид. Истиқлолияти Тоҷикистон барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, таъйин намудани самти ҷараёни инкишофи ҷомеа дар солҳои баъдӣ вапайгирӣ намудан аз принсипҳои талаботи бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқубунёду ягона асос ва заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки мо вазифадорем, аввал амнияти давлатамонро таъмин намоем, артишро созмон дода, милитсия, кумитаи амнияти милли, дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро мустаҳкам намоем, зеро давлате, ки худашро муҳофизат ва ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандонашро таъмин карда наметавонад, аслан арзише надорад. Дар як муддати кӯтоҳ дар шаҳру ноҳияҳо мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва милитсия аз нав созмон ёфта, онҳо бо аслиҳа ва муҳимоти ҳарбӣ таъмин шуданд. Садҳо ҷавонони ватандӯсти кишвар ба кори ин мақомот сафарбар гардиданд. Бо вуҷуди касодии иқтисодӣ, Сарвари давлат ба таъсиси артиши миллӣ шурӯъ намуд ва барои мустаҳкам намудани сарҳадҳо чораҳои мушаххас андешиданд. Барои пойдории истиқлолият ва ҳифзи якпорчагии давлати ҷавон лозим буд, ки қувваҳои мусаллаҳи милли таъсис дода, тамоми сохторҳои низомиву қудрати аз нав барқарор карда шаванд. Гузашта аз ин, муътадил гардонидани вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, хотима додани муноқишаҳои мусаллаҳона ва қонуншиканиву бедодгариҳо ба эътидол овардани тартиботи ҷамъияти бетахир таъсис додани Артиши миллиро тақозо мекард. Таҳкурсии қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон моҳи феврали 1993 амалан дар ҷойи холи, дар шароити набудани пойгоҳи моддиву техникаи зарури ва нарасидани кадрҳои баландихтисоси фармондеҳи гузошта шуд. Бо вуҷуди вазъияти ниҳоят мураккаби иктисодӣ, роҳбарияти ҷумҳури масъалаи бо техникаи ҷангӣ, аслиҳа ва лавозимоти зарури ҳарби таъмин намудани артиши тозабунёди миллиро дар як муддати кӯтоҳ ҳал намуд. Барои пурра ба эътидол овардани вазъият роҳбарияти Тоҷикистон кӯшиш намуд, ки мақомоти ҳокимияти давлати ва идора, системаи судӣ ва мақомоти ҳифзи тартиботу қонунро ҳамаҷониба мустаҳкам намоянд.
Ба ифодаи ҳамфикрию пуштибони аз сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат халқи покзамиру сулҳпарвари Тоҷикистон эътимоду боварии хешро рӯзи қабули нахустин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи раъйпурсии умумихалқи 6 ноябри соли 1994 изҳор дошта, Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуд. Конститутсияи соли 1994 сохти президентии идораи мамлакатро ба ҳукми қонуният ворид намуда, мақоми парламентро мушаххас ва ҳамаҷониба муқаррар кард.Конститутсияи ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон қадами устувор ҷониби ишкишофи такомули парламентаризми тоҷик буд. Маҳз ба шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷахонӣ, озоди ва хуқуқи шахсро мукаддас шумурда, таъмини соҳибихтиёрии давлаташро дарк намуда, баробарҳуқуқи ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, Конститутсияи нави мамлакатро қабул намуд. Қабули Конститутсия, интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоби вакилони халқ ба Маҷлиси Олӣ ва маҷлиси маҳаллӣ дар асоси Конститутсияи нав ва тасдиқу тайини ҳамаи сохторҳои давлати моро ба сӯи таҳкими ҳокимияти давлатӣ, сохтмони ҷомеаи демократӣ ва хуқуқбунёд ҳидоят менамуд.
Таҷрибаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ барои мо як мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳалаи ибратомӯзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, як қадами ҷиддии рӯ овардан ба нақшаҳои азими офарандагӣ гардид, ки ҳадафҳо бузургии он бо тақдири наслҳои оянда пайвастаанд. Дар марҳилаи нави бунёди давлати ҷавони Точикистон тақдири баланди миллати куҳандиёри тоҷик дар симои шахсияти беназири таърихи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон олитарин сифатҳои адолати инсонӣ, бузургдилию шуҷоат, раҳму шафқат ва қобилияти нотакрори вахдатофариро ато кард ва маҳз ҳамин ҳамоҳангӣ ҷомеаро ба сатҳи баланди хештаншиносӣ расонид.
Убайдуллоев Ш.Э. - дотсенти кафедраи мурофиаи ҷиноятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия
Сафарзода С.Н.-сардори матбуоти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,майори милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...