Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи илмӣ-амалӣ Ҷумҳуриявӣ дар мавзуи "Дастовардҳо, мушкилот ва дурнамои инкишофи Қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

2446Тибқи нақшаи Фаъолияти илмии тадқиқотии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нақшаи кории кафедраи мурофиаи ҷиноятӣ имрӯз дар толори Шӯрои диссертатсионии Факултети 6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-амалӣ Ҷумҳуриявӣ дар мавзуи "Дастовардҳо, мушкилот ва дурнамои инкишофи Қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" бахшида ба 16 солагии Кодекси мурофиаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. 2447Конференсия аз ҷониби сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон н.и.ҳ, дотсент, генерал майори милитсия Насуриён Пулод Асадулло ифтитоҳ гардид. 2448Дар Конференсияи мазкур як қатор олимон ва профессорон аз Донишгоҳҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандон пуртаҷриба аз Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати тафтишотии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ иштирок варзиданд. 2449Инчунин 15 нафар курсантони Мактаби олии КДАМ, ки ин бори аввал аст, ки дар Конференсияи Академия иштирок варзидаанд иштирок намуданд, ки ин ҳамкории судманди Академияи ВКД ва МО КДАМ гувоҳӣ медиҳад. 2450Дар Конференсия масъалаҳои ҳалталаб дар самти фаъолияти кодекси мурофиаи ҷиноятӣ баррасӣ карда шуд.
Аз Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати профессорону омузгорон вобаста ба мубрами масоили илм ва амалияи ҳуқуқтатбиқнамоӣ, ки дар фаъолияти мурофиавии ҷиноятӣ ҷой доранд, баромад карданд. Конференсияи мазкур дар як сатҳи баланд гузаронида шуд.
Шавкат Убайдуллоев





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...